(ABNA24.com)Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ТоҷикТа, ин кумакҳо бо ҳузури Аскар Тозибоев- сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон ба макомоти тоҷик таҳвил дода шуд. Сафири Қазоқистон дар Душанбе гуфт: Бар асоси фармони давлати Қазоқистон, ба манзури ироаи кумакҳои башардӯстона, панҷ ҳазор тонна орд ба Тоҷикистон таҳвил дода шуд. Аскар Тозибоев хотирнишон кард: Қазоқистон ҳар сол ба Тоҷикистон кумакҳои башардӯстона ирсол мекунад.
Ӯ афзуд: Арзиши ин кумакҳо аз соли 2006 то кунун ҳудуди 38 миллион доллар аст.